ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН – РУҲИЯИ ДӮСТӢ ВА ҲАМСОЯГИИ НЕК

10

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз кишварҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари қудратманди сиёсӣ ва иқтисодӣ, дорои аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ мебошад. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкориҳои худро ҳамчун шарикони боэътимод дар ҳама соҳаҳо ба роҳ мондаанд.

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овард.

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намудаанд.

Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Гузашта аз ин рушди робита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро:

Ø Аз нигоҳи сиёси, Чин кишвари калиди минтақа буда дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Миллали Муттаҳид яке аз акторони асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ø Аз нигоҳи ҷуғрофи бошад, Чин бо Тоҷикистон дорои марзи муштарак мебошанд, ки назорату ҳамкории ҷиддии ду кишвари ҳамсояро тақозо мекунад.

Ø Аз нигоҳи иқтисодӣ, Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон буда дар бозори дохилии Тоҷикистон мавқеи пешсафиро дорост.

Ø Аз нигоҳи фарҳангиву гуманитарӣ Чин яке аз қабулкунандагони асосии донишомӯзон аз Тоҷикистон буда, забони чинӣ дар солҳои охир таваҷҷӯҳи ҷавонони зиёди тоҷикро ба худ ҷалб менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки 17 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард”. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ менамояд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта ҷараён дошт, бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб самарабахш хоҳад буд. Раиси Чин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим баҳои баланд дода, Пешмои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузорсозии босамари нахустин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфтанд. Муҳтарам Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид доштанд, ки Чин минбаъд ҳам рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Ба масоили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз рушди ҳамкории минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Гуфта шуд, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзии мо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад. Бо назардошти рушди босуръати саноат, бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста шуд. Ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин самти ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Доир ба рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули андеша сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини амният алоқамандии худро таъкид доштанд.

Аз руи натиҷаи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

– Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;

– Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин омили рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ рушду тавсиа ёбанд. Рушди ҳамкориҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа алоқаманд аст.Аз ин ру суботу амнияти Осиёи Марказӣ ҳам барои кишварҳои минтақа ва ҳам барои Чин хеле муҳим аст. Дар ин росто рушд ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир хеле муҳим аст. Боиси қаноатмандист ки аз руи ин масъалаҳо Тоҷикистон ва Чин мавқеи ягона доранд, ки ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар ва минтақа аст.

Мирзоев Ҳабибҷон Табрикҷонович- устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ