Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бонуфузи тарғибкунандаи ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи иқлим ва об эътироф шудааст. Аҳамияти пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии захираҳои об дар таъмини ҳаёти аҳолии сайёра бебаҳо мебошад. Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад. Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад.
Об – манбаи ҳаёти тамоми мавҷудоти руи замин ба шумор меравад. Дар пайдоиш ва тараққиёти тамаддунҳои қадима об нақши асосиро мебозид. Аз ин ҷост, ки муқаддас шумурдани обро мо дар динҳои ҷаҳонӣ мушоҳида менамоем, чунончи мусулмонон чашмаи оби «Зам-зам»-ро шифобахшу табаррук медонанду ҳиндуҳо дарёи Гангро.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи манбаъҳои об дар ҷаҳон яке азҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Манбаи асосии об дар Тоҷикистон пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб меравад. Аз солҳои 2000-ум дар асоси 4 ташаббуси аз тарафи Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон пешниҳодгардида, қатъномаҳои Маҷмааи Созмони миллали мутаҳид қабул гардиданд, ки боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар гардидааст. Эълон гардидани «Соли 2003- Соли оби тоза», “Солҳои 2005-2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои ҳаёт”, «Соли 2013 – соли ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об» ва “Солҳои 2018-2028» Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, ташаббусҳое мебошанд, ки боиси баргузории чандин ҳамоишҳо ва симпозиумҳои ҷаҳонӣ гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи оби тоза мебошад. Бештари обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ хело мувофиқанд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои обу иқлим, идораи дурусти истифодабарии об, обшавии босуръати пиряххо ва офатҳои табии ба он алоқаманд, ҳамкории минтақавӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти об, умуман, масъалаҳои вобаста ба обро таъкид намудаанд, ки ин бесабаб нест. Зеро захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши калидӣ дошта, барои пешрафти саноат, гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо мусоидат менамоянд.
Нурзода. М, омӯзгори факултетимуносибатхои байналхалқии ДМТ