ҲИФЗИ ПИРЯХҲО — ВАЗИФАИ ҲАЁТАН МУҲИММИ БАШАРИЯТ

56

Яке аз омилҳои асосии болоравии эътибори байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон, бевосита ба ташаббусҳои муҳими кишварамон дар доираи барномаҳои ҳаётан зарурии созмонҳои ҷаҳонӣ робита дорад. Махсусан, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим, махсус бояд зикр кард, зеро Сарвари давлат бо дарки масъулияти бузург барои таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, барои наслҳои ояндаи башарият ин қабил андешаҳои инсондӯстонаро пешниҳод мекунад.

14-уми декабри соли 2022, дар Маҷмаъи умумии СММ иқдоми навбатии Пешвои миллат дар хусуси эълон кардани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз тарафи кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт, ки он далели дигари нуфуз ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он мебошад.

Дар қатъномаи қабулгардида, чанд нуқтаи муҳим таъкид мешавад, ки эълон гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025), таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо, баргузор намудани Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (дар Душанбе) дар соли 2025, аз ҷумлаи онҳост. Бояд гуфт ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо як навъ идомаи ҳалли мушкилоти обу иқлим дар сайёра мебошад, ки онҳо аз тарафи Сарвари давлати тоҷикон дар солҳои қаблӣ пешниҳод гардида буд ва дар ин замина аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.

Солҳои охир, бар асари гармшавии иқлим масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла, ҳамасола пиряххи Ҳимолой 10-15 метр кам мешавад. Пиряхи Ганготрӣ, ки 500 миллион нафар одамонро бо об таъмин мекунад, ҳар сол 30 метр кам мешавад. Дар Зеландияи Нав бошад, пиряхҳо 11 фоиз кам мешаванд. Дар маҷмуъ тибқи омори Агентии Аврупо оид ба муҳити зист то соли 2050, дар маҷмӯъ 75 фоизи пиряхҳои мавҷуда об мешавад, ки он воқеан проблемаи глобалист.

Бояд гуфт ки пиряхҳои бузург манбаи асосии оби тоза мебошанд. Масалан, дар кишвари мо 14 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки онҳо сарчашмаи асосии оби нӯшокианд. Аз ҷумла, 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд. Калонтарин пиряхи минтақа, пиряхи Федченко мебошад, ки он дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст.

Илова бар ин, дар ҳудуди куҳҳои Ҳисору Олой ва Зарафшон ҳам пиряхҳои калон мавҷуданд. Тибқи пешгӯии олимон то соли 2050 дар Тоҷикистон пиряхҳои зиёди хурд аз байн мераванд, ки онҳо дар маҷмуъ 25 фоизро ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти муҳиммияти ин масъала дар ҷумҳурии мо ҳанӯз соли 2010 “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои соли 2010-2030” қабул шуда буд. Масъалаи асосии барномаи мазкур мониторинги фаврии яхшиносӣ, омӯзиши ҳолати пиряхҳои кишвар, равшан кардани пешомадҳои тағйирёбии иқлим ва масоили дигари марбути ҳифзи пиряхҳо буд.

Сарвари давлат дар баромадҳои худ, роҷеъ ба обу иқлим борҳо таъкид карданд, ки пешгирии таъғирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таъмини аҳолии кураи замин бо оби ошомиданӣ, масъалаи кишварҳои алоҳида нест, балки онҳо мушкилиҳои глобалӣ мебошанд. Барои ҳалли онҳо низ иқдомҳои дастаҷамъона зурур ва муҳиманд.

Пешвои миллат ташаббускори асосии таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошанд ва ҳанӯз соли 2015 аз минбари СММ иброз доштанд, ки айни замон қимати об аз нафту газ камтар нест, об неъмати бебаҳои табиат мебошад. Тоҷикистони азизи мо дорои захираҳои бузурги обӣ, кӯлу дарёҳо, чашмаҳои бешумори софу зулоли оби ошомиданӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати узви СММ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳоди барнома ва консепсияҳои мушаххас дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим саҳми худро гузорад. Маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти номбурда эътироф намуданд.

Пешвои миллат дар аксари баромадҳои худ сабаби асосии обшавии босуръати пиряхҳоро натиҷаи таъғирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво маънидод мекунанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоянд, ки дар ҳалли проблемаҳои обу иқлим иқдомҳои дастаҷамъона ва муассир намоянд, чунки об ҳамчун сарчашмаи асосии ҳаёт, аз ҷумлаи захираҳои табиии муҳимми сайёра мебошад. Истифодаи оқилонаи онҳо, ҳифзи захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дорои аҳаммияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Ба манфиати инсоният оқилонаю сарфакорона истифода намудани захираҳои обӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва пурмасъулияти давлатҳои сайёра аст. Аз ин ру дар ҳали мушкилоти мазкур иқдомҳои дастаҷамъонаи саривақтӣ ва муассир лозиманд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳиммияти масоили мазкур тавассути иқдомҳои шоистааш, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, аз ҷумла, мушкилоти ҳифзи пиряхҳо мавқеъ ва нуфузи худро дар ҳали онҳо, дар сатҳи байналмилалӣ пайваста боло мебарад, ки ин дар замони муосир хеле арзишманд арзёби мегардад.

Фарзонаи Шамсиддин – н.и.т., муаллими калони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғафорзода Фатона – ассистенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон