ТАҚВИЯТИ ҲАКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

13

Тағйирёбии глобалии иқлим гарм шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологист, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеи ҷаҳониро нигарон кардааст. Бинобар ин масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сархати Рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тақвияти ҳакориҳои байналмилалии доир ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи СММ ташаббусҳои мутақобиларо ба роҳ мондааст. Дар Тоҷикистон манбаи асосии об пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ошомидании сарзамини Тоҷикистон мебошанд. Майдони умумии пиряхҳо 8476,2 километри мураббаъ мебошад, ки қариб 6 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Бинобар гармшавии иқлими сайёра, давоми се даҳсолаи охир дар Тоҷикистон 1000 пирях об шудааст.

Пиряхҳо, асосан, дар шимолу ғарби Помир ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландии аз 3000 метр то ба 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд. Дар таркиби пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шудааст.

Пиряхҳои аз ҳама калон дар қисми шимолу ғарбии Помир мавҷуданд. Масалан, бузургтарин пиряхи минтақа – Федченко, ки майдони калон ва системаи васеи қаторкӯҳҳоро ишғол менамояд, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор дорад. Тибқи пешгӯиҳои олимон, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи майда пурра аз байн меравад, зеро пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд. Масалан: дар Муғус 1004 пирях, Бартанг 269, Қизилсу (Шимолӣ) 280, Ғунд 1349, Мурғоб 879, Зарафшон 1227 ва дар ҳавзаи дарёи Хингов 756 пирях мавҷуд аст.

Дар асоси маълумоти олимони соҳа, пиряхҳои Тоҷикистон ҳар сол ба дарёҳо бештар аз 13 километри мукааб об мерезанд, ки зиёда аз 25 фоизи обҳои ба дарёҳо ҷоришавандаро ташкил мекунанд. Пиряхҳо намнокии ҳаво ва сарфи оби дарёҳоро ба танзим медароранд. Пиряхҳои Тоҷикистон, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, қариб шаст фоизи ҳаҷми оби дарёҳои онро таъмин менамоянд.

Бо назардошти оқибатҳои ҷиддии экологии ин зуҳурот масъалаи ҳифзи пиряхҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи масъалаҳои марбут ба об ва тағйири иқлим аз минбари созмонҳову ҳамоишҳои мухталиф пайваста ба самъи ҷомеаи байналмилалӣ расонида мешавад. Аз ҷумла, пешниҳод оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2009 дар Ҳамоиши III умумиҷаҳонӣ оид ба иқлим дар Женева ва Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйири иқлим дар Копенгаген манзур гашта буд.

22-юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба назар мерасанд. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Ванҷях (Федченко) дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тули 70-80 соли охир пиряхи мазкур зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи коҳиши пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Дар ин робита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи 21 март – Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.

Боиси хушнудист, ки 14 декабри соли 2022, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.

Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд ва минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосӣ аз ташаббуси ҳифзи пиряхҳо, пеш аз ҳама дар он аст, ки Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон, балки масоили тамоми сайёра баён доштааст. Айни замон, ки тағйирёбии иқлим ва бо суръати баланд об шудани пиряхҳои бузург идома дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даҳаи аввали асри XXI пешбинӣ ва таҳлил намуданд, ки ин падида метавонад ба талафоти бузурги ҳайвоноту наботот ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ оварда расонад.

Метавон чунин хулоса кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати равандҳое, ки боиси нигаронии аҳли башарият мегарданд таъғирёбии иқлим ва фалокатҳои экологӣ бетараф буда наметавонад.

Баҳриддинзода Б.Б.мушовири академии факултети муносибатҳои байналхалқӣ