АЗ ХАТАРИ ҶИНОӢ ТО ХОЛИГИИ МАФКУРАВӢ

70

 Сару садоҳо атрофи ҳодисаи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдат

Ба иттиллои сомонаҳои расмӣ сани 3 феврали соли 2025, соати 15:44, гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳамла 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.

Дар ҷараёни ҳодиса “маҳбусон” (дар асл, ҷинояткорон) ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расониду фирор намоянд. Кормандони муассиса, ба истилоҳ муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд.

Бо гузашти чанд соат садову симои шабакаҳои интернетиро аксу наворҳо пахш намуда, андешаҳои муноқизу  носаҳеҳ фазоро печонид. Гурӯҳе амали “маҳбусон”-ро террорист унвон намуда, гурӯҳи дигар ба пешбурди фаъолияти ин ё он сохтор, яъне сиёсати давлатӣ рабт медиҳанд. Мутолиаҳо дар ин мавзу нишон медиҳанд, ки ақидаҳои таҳлилӣ кам дида мешавад. Зеро гумону шодҳаҳо бештар гуфта шудаанд ва дар ин ҳодиса кам касон ба умқи воқеа назари таҳлилӣ кардаанд.

Дарки ду таъбири иттилои ниҳоди расмӣ басандааст, ки ин ҳам: “ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накардани маҳбусон” ва “аъмоли ҷинояткорон”-аи онҳо мебошад. Дар асл ҳарду таъбир ҳоси ифротгароёну ошӯбчиён аст. Чунин тоифа аслан метавонанд тартиботро вайрон намояду амали ҷиноиро ташкил кунад.

Амали хунине, ки маҳбусон (аслан, гурӯҳи ҷинояткорон) дар Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааанд, ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ-ифротӣ,  ба мисли ДОИШ сахт вобаста аст. Аз ин ҳодиса ташкилотҳои террористӣ истифода бурда, ба он оҳанги сиёсию давлатӣ медиҳанд ва тавассути иттилооти носаҳеҳ тариқи шабакаҳои интернетӣ мехоҳанд ба мафкураи миллии мо нохун зананд ва фазои ороми кишварро ноором созанд.

Агар ба умқи масъала нигарем, чунин амалҳои ҷиноӣ дар дигар давлатҳо низ ба вуҷуъ меоянд ва онҳо дар асоси талаботи қонунгузории он давлат ҳаллу фасл мегарданд. Вақте ҳодисаи ҷиноии кишвари мо ба масъалаҳои сиёсию фаъолияти давлатӣ рабт дода мешавад (ин ҳам бошад тариқи сомонаҳои ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои террористӣ), як масъала хуб эҳсос мешавад – фазои Тоҷикистонро ташкилотҳои террористӣ ноором сохтан мехоҳанд ва бо ин роҳ ба мафкураи мардум тухми кинаву адоват мекошанд.

Акнун, бояд дар хотир дошт: миллати тоҷик, ки соҳибтаммаддун ва дорои таърихи бойи давлатдориву давлатсозист, дар муқобили ҳама гуна падидаҳои номатлуби замон аз рӯзҳои аввал қотеъона истодагарӣ намуд ва ҳаргиз нагузошт, ки нафаре муғризонаву огоҳона ба мафкураи миллии мо таъсири манфӣ расонад ва фазои моро ноором созад. Чунин афзалияти сиёсиро мо, қабл аз ҳама, ба воситаи илму дониш роҳандозӣ намудем. Таърихи афкору андешаи миллии мо борҳо исбот намудааст, ки илму дониш ҳамеша сипари боэътимод бар зидди ифротгароӣ буда, ҳамчун аслиҳаи маънавии муътамад муқобили хурофот, куҳнапарастӣ ва бофтаҳои баъзе ашхосу гурӯҳҳои бесаводу иртиҷоӣ баромад намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ягон нафар мутафаккир ё донишманди тоҷик аз ифротгароиву омилҳои ангезандаи терроризми диниву сиёсӣ ҷонибдорӣ накарда, баръакс унсурҳои тавлиддиҳандаи онҳо – хурофоту нодонӣ ва ҷаҳолату заифии сиёсиро зери интиқоди шадид қарор додааст.

Њодисаи бавуқуъомадаи Муассисаи ислоҳии №3/2-ро амалӣ ҷиноӣ донем. Амале, ки аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ таҳияшуда. Табиист, ки маҳбус дар фикри амале аст, ки ё озодӣ меҳоҳад ё зарар ба чизею ба касе расонидан. Пас, талаботи маҳбасро иҷро накунад, ҷинояткор асту кор ба амалҳои зишт занад, террорист.

МИТ ДМТ