Муовини декан оид ба тарбия

Раҳмонов Меҳровар Амонидинович

н.и.ф., дотсент

Тел.: +992 9891536 83

E-mail:rahmonov_mehrovar@mail.ru

Суроға: н. Сино, куч. Н. Махсум 8а ҳуҷраи 22

SPIN-код: 2339-3392

16апрели соли 1983 дар ш.Исфара таваллуд шудааст. Соли 1989 ба синфи якуми мактаби миёнаи №53 ш. Исфара рафта, мактаби мазкурро соли 2000 хатм намуд. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисосишарқшинос, филологияи арабхатм намуд. Тайи солҳои 2011-2015 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология буда, дар мавзӯи “Ал-феҳристи Ибни Надим ҳамчун сарчашмаи адабиёти форсу тоҷик” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ бурдааст.

Рисолаи номзадиро соли 2019 дар мавзӯи болозикр аз рӯи ихтисоси 10.01.03 –Таърихи мамлакатҳои хориҷӣ(илмҳои филологӣ) ҳимоя намудааст. Муаллифи беш аз 20 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 5 барномаи таълимӣ,  1 монография ва 1 китоби дарсӣ мебошад.

Аз 1–уми сентябри соли 2009 ба сифати ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор қабул гаштааст. Дар тӯли фаъолияти хеш вазифаҳои гуногун, аз ҷумла котиби Шӯрои илми методии факултети муносибатҳои байналхалқӣ (солҳои 2009-2012), раиси Шӯрои сарапарастони факултет (солҳои 2010-2011), муовинидекан оид ба тарбияи факултети муносибатҳои байналхалқӣ (солҳои 2011-2014), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи мутолиоти шарқ (аз 08.07.2019 то 28.02.2020), мудири кафедраи мутолиоти шарқ (аз 2020 то 2025) фаъолият намудааст.