СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ДАР ПАЁМ АСТ

27

Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ, ки 28- уми декабри соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор доданд. Агар ба муҳтавои Паёми навбати эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳо барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз паёмҳои қаблӣ бо пешниҳодоту вазифагузориҳои муфид ва саривақтӣ фарқ менамояд. Тавре, ки аз номи паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ном бурда мешавад. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта зимни пешниҳоди Паёми навбатиашон сараввал оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилии давлат дар алоҳидагӣ гуфта гузашта, баъдан дар бораи самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат ибрози назар менамоянд.

Пешвои миллат дар Паём аввалан дар бораи сиёсати хориҷӣ сухан намуда, оид ба вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ дорад, гуфта гузаштанд.

Самти сиёсати хориҷии давлат дар Паёми Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ба Маҷлиси Олӣ бо ду асос зарурати воқеӣ дорад. Аз як ҷониб, зимни пешниҳоди Паём дар толор дар қатори кормандони касбу кори гуногуни давлат, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими давлат, созмонҳои байналмилалӣ низ ҳузур доранд, ки онҳо аз паёмҳои ҳамасола интизории пешниҳодоти муҳимми дорои хусусият ва аҳаммияти байналмилалӣ, густариши ҳамкории байналмилалии мамлакат бо тақвият додани дипломатияи дуҷониба ва бисёрҷонибаро доранд. Аз ҷониби дигар, Президенти мамлакат маҳз дар ҳузури намояндагони болозикри хориҷӣ оид ба омода будани Тоҷикистон ба густариши сиёсати хориҷии давлати мо бо дилхоҳ давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор бо пеша намудани сиёсати «дарҳои кушод» иброз медоранд. Ба таъкиди Сарвари давлат, дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад.

Дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.

Ҷаҳони муосир пур аз таззодҳо аст ва муборизаҳо барои дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар мегарданд. Дар ин вазъият зарур аст, ки масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар меҳвари диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.

Имрӯзҳо вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ба таври бесобиқа мураккаб боқӣ мемонад. Дар ин вазъи тезутанд бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо, тарғиби арзишҳои бегона, талабот ба тарбияи ватандӯстӣ дучанду сечанд меафзояд. Бо фаҳми бисёр жарфи вазъият ва дарки масъулият дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин иброз гардид: «… моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Зимнан дар Паём самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат дар шароити нави байналмилалӣ таҳлили амиқи илмӣ ёфтаанд. Чунин масъалагузорӣ нишони он аст, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон нисбат ба моҳияти равандҳои байналмилалӣ шинохти дақиқ дошта, нисбат ба онҳо бетафовут нест. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа хатарзо буда, муносибати масъулиятшиносона тақозо менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла чунин баён намуданд: «… моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд».

Маъмулан паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳлили ҳаматарафаи сиёсати хориҷии мамлакат, тавозуни геополитикии ҷаҳон, низоми арзишҳою ормонҳоро фарогир мебошанд. Зимни он нигоҳи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба рӯйдодҳои байналмилалӣ, мавқеи ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо, муносибат ба созмонҳою кишварҳо муайян мегардад ва ин нишони санади дорои аҳамияти дипломатӣ будани Паём мебошад.

Ҷамшед Абдуллоев, дотсенти кафедраи минтақашиносии факултети муносибатҳои байналхалкии ДМТ