Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карданд, ки сарфакорӣ ва сариштакорӣ яке аз унсурҳои муҳим барои пешрафти устувори иқтисодии кишвар мебошад. Ин масъала низ дар осори ниёгон хуб маҳкум шудааст:
Ба дахлу харҷи худ ҳардам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ камтар кун.
Ё худ Соиби Табрезӣ мефармояд:
Оқил он аст, ки дахлаш бувад аз харҷ зиёд,
Беҳ, ки гуфтори ту камтар зи шунидан бошад.
Ҳамин аст, ки бо ташаббуси қонунгузории роҳбарияти олии мамлакат дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Бо мақсати татбиқи қонуни мазкур табқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар факултет вохӯрӣ бо мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин баргузор гардид.
Хоҷамирзода М. зимнан дар бораи сабабҳо, ҳадафҳо ва нуктаҳои гуногуни қабули қонуни мазкур суханронӣ намуда, дар робита ба бандҳои алоҳидаи он тавзеҳоти бештар дод.
Дар охир зумрае аз устодони факултет низ баромад намуданд ва миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо сурат гирифт.