Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳама ҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ 47 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3900 мактаб, аз ҷумла 160 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 707 муассисаи томактабӣ бунёд ва таъсис дода шудааст. То соҳибистиқлоли дар кишвар 13 муассисаи таҳсилотӣ олӣ фаъолият мекард, ки ҳамаги шомили 65 ҳазор донишҷу буд, имруз бошад ин шумора ба 47 расида дар ин муассисаҳо 220 ҳазор нафар донишҷу ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин оморҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат ва бевосита Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли ба соҳаи маориф аҳмияти беандоза дода, баҳри рушд ва пешрафти ин соҳа ҳама имконият ва шароитро фароҳам овардаанд.
Аз аввали асри 21 бо ибтикори Ҳукумати кишвар дар сохтори Академияи миллии илмҳои кишвар якчанд сохтори нав барои таҳқиқи ҷанбаҳои муҳими илми кишвар таъсис дода шуд. Бевосита бо дастури Президенти маҳбубамон дар сохтори Академияи миллии илмҳо маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату мулоқот доир карда, дар ифтитоҳи биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ шахсан иштирок карда, бо шароити муосир ва дар сатҳи талаботи маорифи ҷаҳонӣ сохтани биноҳои таълимиро аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани завқу хоҳиши хонандагон дар фаро гирифтани илму дониш медонанд, ки мисоли равшани онро мо дар сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рӯзҳои 24- 25 уми майи соли ҷорӣ дида истодаем.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, аз ҷумла аз 1 уми июли соли ҷорӣ дар ҳаҷми 40 фоиз зиёд намудани ҳаҷми маоши ин соҳа низ аз ғамхориҳои беназири Пешвои миллат дар ин самт мебошад.
Зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо кардани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошад. Шуруъ аз соли 1997 бо дастури бевоситаи Пешвои миллат квотаи Президентӣ аввал барои духтарони ноҳияҳои дурдаст ва баъдан ҳам баори духтарон ва ҳам писарон қабул ба муассисҳои олии кишвар тариқи квотаи Президентӣ ба роҳ монда шуд, ки то имрӯз садҳо нафар ҷовонони бо истеъдод тариқи квотаи Президентӣ муассисаҳои олии кишварро хатм намуда дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият карда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат дар рушди ҷомеаи мутамаддин Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи пешрафти илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.
Дар ин росто, бевосита бо иқдомоти маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардидаанд, макотиб ва муассисаҳои таълимӣ пурра бо компютер ва тахтаҳои электронӣ муҷҷаҳаз карда шудаанд, ки барои омӯзиши хонандагон ва донишҷуён шароити зарурӣ омодааст.
Натиҷаи ин ғамхориҳо ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки солиҷорӣ дар озмунҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ 5000 нафар хонандагони макотиби ҷумҳурӣ ширкат варзида соҳиби124 медал гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат самтиафзалиятнок ба ҳисоб меравад, зеро тарбия ва ташаккули инсони комил, инчунин мавҷудияти ҷомеаи солиму созанда ба ин соҳа сахт алоқаманд аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд.
Воқеан, маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, неруи захираи инсонӣ, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гаштааст.
Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр мекунанд, ки «…дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…».
Аз ибтикорот ва ғамхориҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар ин самт баргузории озмӯнҳои гуногун аз ҷумла “Озмӯни фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фуруғи маърифат”, “”Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аст, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав, рӯ овардани хонандагону донишҷӯён ва қишрҳои гуногуниҷомеа ба донишандузӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳамасола маблағгузории ин озмунҳо дар сатҳҳои гуногун зиёд карда шуда, барои ҳавасмандии иштирокчиён тадбирҳои нав андешида шуда истодааст.
Ҳукумати кишвар дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва пешрафти кишвар, инчунин ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо олимону зиёиён чунин қайд намуданд: “Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.” Аз ин рӯ, боварии Пешвои миллат аз ҳар як олим ва зиёӣ масъулияти баландро талаб менамояд, ки дар пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар бо пешниҳоди корҳои илмиву ихтироотии сатҳи ҷаҳонӣ дар рушду тарақии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Дар маҷмӯъ, бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодиёти ба дониш асосёфта, маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Тараққиёти ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконияти нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.
Раҳмонов М.А. ,мудири кафедраи мутолиоти Шарқ, н.и.ф., дотсент