ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӢ

204

Файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Гегел бобати шинохти вожаи “истиқлол” чунин андеша дорад: “Истиқлол (новобастагӣ) аз назари иҷтимоъ шарти аввали иҷрои коре бузург ва хирадмандона аст”.Мо мардуми Тоҷикистон аз назари сиёсӣ ва иҷтимоъ хирадмандона ин сухани олими бузургро дарк намудаем, ки имрӯзҳо аз ҳавои соҳибистиқлолӣ нафаси тоза мегирем.Дарки ин сухани олӣ намунаи шоистаи хирадмандист, ки бо такя ба он метавон мардуми кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аҳли маърифат номид.

Вожаи “иқбол” аз лиҳози адабӣ, махсусан ҷодаи назмофарӣ ҳамқофияи шоиста барои калимаи “истиқлол” аст, зеро фарде, ё давлати соҳибистиқлолро бидуни шак иқбол ёр мебошад.Бо такя ба шоистагиҳои соҳибистиқлолӣ метавон истиқлолро бахти воло, толеъи баланд, хуррамию шодӣ, ормон, ифтихор ва эътибор номид, ки хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили 32-солагии он қарор дорад.

Шак нест, ки барои мардуми Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз Истиқлоли давлатб неъмати бебаҳо ва ганҷинаи нодир маҳсуб мешавад, зеро дар муддати кутоҳи соҳибистиқлолӣ кишвари мо роҳи чандинсолаи рушд ва инкишофро тай намуд, ки муҳимтар аз ҳама ба расмият шинохтани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.Ин ки исми Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи хоса касб кардааст, барои мардуми кишвари мо бахти баланду бузург аст.

Истиқлоли давлатӣ сабаб гардид, ки дар Тоҷикистон рамзҳои давлатдорӣ, дар мисоли Нишон, Парчам ва Суруди миллии Тоҷикистон ба таври расмӣ пазируфта шаванд ва ба ин васила имрӯзҳо дар тамоми арсаҳо мамлакати моро рамзҳои давлатии мо муаррифӣ намоянд.Ҳар тантана ва дастоварди намояндагони Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳавои Парчами давлатӣ ва Суруди миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад.

Муҳимтар аз ҳама Истиқлоли давлатӣ сабаб гардид, ки мардуми Тоҷикистон ба дарки мафҳуми худшиносии миллӣ бирасанд.Ҳоло ҳар тоҷики ватанпараст ҳамчун тоҷик дар олам салоҳи ватандорӣ мезанад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сохтани бинои худшиносии миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон саҳми шоистаеро соҳиб ҳастанд, ки мефармоянд: “Худшиносии миллӣ пойдевори бақои ҳар як давлату миллат аст”.Ҳамин аст, ки ҷамъи ҳаммеҳанони воқеӣ ғояи сохтани давлати миллиро дар таҳкими худшиносии миллӣ мебинанд.

Бо дарки зарурат ва аҳаммияти соҳибистиқлолӣ дар 32-соли Истиқлоли давлатӣ мо тавонистем, ки Тоҷикистони азизамонро дар ҷодаи илм, фарҳанг, техника ва технологияи муосир аз кишварҳои фаъоли ҷомеаи муосир муаррифӣ намоем.Ҳар соли соҳибистиқлолӣ ибтикороти шоистаи Пешвои миллат дар самти фарҳангсолорӣ ва давлатдорӣ сурат мегирад, ки ба ин васила китоби Истиқлоли давлатии мо рангину муҷалло мегардад.Метавон китоби 32-солаи соҳибистиқлолии моро шаҳкитоб номид, зеро дар ҳар варақи он корномаи мардуми шарафманди Тоҷикистон сабт гардидааст.Раҳнамои мардуми меҳанпарасти мо дар раванди иншо ва таҳияи китоби соҳибистиқлолӣ Пешвои миллати бузурги Тоҷикистон аст, ки ҳар ваъдаи худро бо шоистагӣ амалӣ намудаву интраванд босуръат идома дорад.

Пешвои миллат дар рӯзҳои аввали сари қудрат омадан ваъда дода буданд, ки “Ман ба Шумо Сулҳ меорам!” ва хушбахтона, бо фароҳам омадани Ваҳдати миллии Тоҷикистон ин қавли худро ботантана амалӣ карданд.Қавл дода буданд, ки гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам ва ин ваъда бо шоистагӣ иҷро шуд.Қарор ин буд, ки бузургтарин ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амалӣ шаванд.Имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки ин ҳадафҳои бузург зина ба зина дар раванди амалӣ шудан қарор доранд.Махсусан, комилан ба истифода дода шудани иншооти бузурги аср-НБО Роғун як ҳадафи бузурги стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро комил менамояд, ки имрӯзҳо бо раҳбаладии Пешвои муаззами миллат кор дар он бомаром идома дорад.

Арҷ гузоштани Пешвои миллат ба шахсиятҳои илм ва адабу фарҳанги тоҷик, дар мисоли Носири Хусрав, Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам ва дигар чеҳраҳои тобнок сабаби дигари мустаҳкам гаштани пояи Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ибтикороти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ дар ҷанбаҳои гуногунон, махсусан соҳаҳои об ва иқлим сабаб гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонсозӣ ба унвони кишвари шоиста шиносанд.

Метавон чунин хулоса кард, ки бо эҳтиром ва комилсозии Истиқлоли давлатӣ исбот намудем, ки вожаи “истиқлол” ба маъниҳои созандагӣ ва бунёди Ватан шарҳ меёбад.Исбот кардем, ки бояд дар раванди ҳифзи арзиши Истиқлоли давлатӣ рӯҳи бас бедору озод дошта бошем.

Сафҳа-сафҳа китоби рӯзгори мо ба Истиқлоли давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.Зистан бо ному бо ёди Ватанро шиори худ қарор додем.Ба дунёи Ватан бо қалби бозу ба чашми дил дида бикшодем.

Хушбахтона, ҳар ватандор ҳоло имрӯзу фардои худро дар соҳибистиқлолӣ мебинад.Марзу буми ин Ватан манзили мост ва ҳар ватандор бо ифтихори хос муҳофизи он аст.Пас, шоиста аст, ки Истиқлолро иқбол, бахт ва шодии ҳар лаҳза, ҳар рӯз ва ҳар соли худ шуморем.

Фотима ҒАЙРАТОВА, н.и.т., муаллими калони факултети муносибатҳои байналхалқӣ