Назаров Бахтиёр Баҳриддинович
Вазифа: мушовири академии дараҷи дуюм (муовини декан оид таълим)
Унвон ва дараҷаи илмӣ: ассистен
Ҷои фаъолият: кафедраи минтақашиноси хориҷӣ
Маълумот барои алоқа:
E-mail: bahriddinzodda-bmail.ru
Тел.: (+992) 918 61 56 68
Суроға: н. Сино, маҳ. Майяковский 70/2
Маълумоти мухтасар:
28 ноябри соли 1994 дар н. Ховалинг таввалуд шудааст. Соли 2001 ба синфи якуми мактаби миёнаи №6 н. Ховалинг рафта, мактаби мазкурро соли 2012 хатм намуд. Соли 2012-2017 факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси минтақашиноси хориҷӣ хатм намуд.
Тайи солҳои 2017-2018 ассистенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Дар давоми солҳои 2019-2020 омӯзгори кафедраи сиёсатшиносb ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳсуб мешуд. Соли 2021-2022 Эдвайзер (мушовири академии) факултети Сиёсат ва идораи давлатb Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав буд. Аз сентиябри соли 2022 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ ва аз октиябри соли 2022 Мушовири академии ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор намудааст.
Соли 2022 ба ҳайсаи унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ қабул шуда, дар мавзӯи “Ҳамкории халқи тоҷик бо халқҳои минтақа дар асрҳои XVI-XIX” зери роҳбарии дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ Шарипов А.Н. фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Муаллифи 5 мақолаҳои илмӣ, 12 мақолаи оммавӣ ва 2 барномаи таълимӣ мебошад.
Фанҳои тадрисӣ:
– Проблемаҳои глобалӣ ва хатарҳои ғайрисунатӣ;
– Ҷаҳонишавӣ ва минтақагарои дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ
– Кишваршиносӣ
– Амнияти иттилоотӣ;
– Ҷаҳонишавӣ ва раванди минтақаҳо дар ҷаҳони муосир;
– Зернизомҳои минтақа;
Самтҳои илмӣ:
– таърих ва назарияи минтақашиносӣ;
– афзалиятҳои минтақавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Таълифот:
Мақолаҳои илмӣ
- Назаров Б.Б. “Идеаи милли омили асосии таҳкими ваҳдат ва рушди кафолатноки кишвар” Конференсия байналмилалӣ бахшида ба рӯзи барқчиён таҳти унвони “Рушди гидроэнергетика- рушди Тоҷикистон” Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон. 22-23 декаби соли 2018. 6 -саҳ
- Назаров Б.Б. “Терроризм; шаклҳо, хусусиятҳо ва омил-ҳои асосии пайдоиши он”. Конференсия байналми- лалӣ бахшида ба рӯзи барқчиён таҳти унвони “Рушди гидроэнеогетика- рушди Тоҷикистон” Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон. 22-23 декаби соли 2019. 5 – саҳ
- Назаров Б.Б. “Мавқеи давлатҳои милли дар шароити ҷаҳонишавӣ” Конференсияи илмӣ- назария-вии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҷаҳони-шавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо дар замони муосир” Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 17-18 майи соли 2021
Диплом ва ифтихорномаҳо
- Дипломи дараҷаи 1-умбарои ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи тирандозӣ аз силоҳи пненматикӣ байни омӯзгорони факултаҳои ДМТ барои дарёфти Ҷоми Ректори ДМТ Душанбе-2022
- Сертификат барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “От Волги до Ганга через Трансоксиану”, ки 20-21 октябри соли 2022 дар ДМТ баргузор гардид. – Душанбе, ДМТ, 2022.
- Сипоснома барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш, мусоидат ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аз тарафи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Бохтар- 2022.