Муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

Анвари Сафарӣ

Вазифа: муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

Унвон ва дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих (07.00.15), муаллими калон

Ҷои фаъолият: кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумот барои алоқа:

E-mail: anvari.safar@mail.ru

Тел.: (+992) 918 97 31 81

Суроға: н. Сино, маҳ. Майяковский 70/2

Маълумоти мухтасар:

23 январи соли 1993 дар ш.Кӯлоб таввалуд шудааст. Соли 1999 ба синфи якуми мактаби миёнаи №8 ш. Кӯлоб рафта, мактаби мазкурро соли 2010 хатм намуд. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро бо дипломи аъло ва ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумон, референт хатм намуд. Тайи солҳои 2016-2019 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи минтақашиносии хориҷӣ буда, дар мавзӯи “Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебарад.

Аз соли 2017 то ин ҷониб омӯзгори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2018 мушовири академии ихтисоси фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ, соли 2019 котиби Шурои олимони факултет, соли 2022 муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети муносибатҳои байналхалқии кор намудааст.

Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 14 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 3 барномаи таълимӣ ва 1 монография мебошад.

Фанҳои тадрисӣ:

– таърих ва назарияи дипломатия;

– таърихи дипломатияи тоҷик;

– дипломатия иқтисодӣ;

– асосҳои дипломатияи ҳарбӣ.

Самтҳои илмӣ:

– назария ва амалияи дипломатияи муосир;

– афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳамкориҳои сарҳадӣ ва равандҳои фаромарзӣ.

Таълифот:

Китобу монографияҳо

  1. Анвари С. Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: монография. – Душанбе: 2022. – 183 с.

Мақолаҳои илмӣ

  • Анвари С. Дипломатияи рақамӣ: ташаккули мафҳум ва таҷрибаи истифодабарӣ [Матн] / С. Анвари // Паёми МТС назди Президенти ҶТ “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”. – Душанбе. – №2 (78). – 2022. – С. 39-53;
  • Анвари С. Таъмини амнияти сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн] / С. Анвари // Тоҷикистон ва сиёсати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (Маҷмуаи илмӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон). – Душанбе: ДМТ, 2021. – 350 с.
  • Анвари, С. Ташаккули сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар замони шӯравӣ [Матн] / С. Анвари, Ҷ.Т. Абдуллоев // Паёми ДМТ. – 2020, №7. – С. 99-103.
  • Анвари, С. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ асоси ҳамкориҳои ниҳодӣ дар Осиёи Марказӣ [Матн] / С. Анвари // Паёми ДМТ. – 2020, №1. – С. 75-80.
  • Анвари, С. Нақши редемаркатсия дар танзими масъалаҳои сарҳадӣ [Матн] / С. Анварӣ // Паёми ДМТ. – 2019, №8. – С. 129-133.
  • Анвари С. Теоретико-методологические аспекты территориально – пограничного вопроса в международных отношениях [Текст] / С. Анвари // Вестник ТНУ. – 2018, №6. – С. 86-90.

Диплом ва ифтихорномаҳо

  1. Сертификат барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “От Волги до Ганга через Трансоксиану”, ки 20-21 октябри соли 2022 дар ДМТ баргузор гардид. – Душанбе, ДМТ, 2022.
  2. Сипоснома барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш, мусоидат ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе. – Душанбе, 2022.
  3. Диплом барои иштирок дар курси пурраи Институти такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси “Забон ва адабиёти рус” аз 04.01.2021 то 06.02.2021. – Душанбе, 2021.