ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ 27-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

408

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли равон ҷиҳати иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Шарм-аш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср ташриф оварданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-аш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) роҳбари Ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК “ELSEWEDY ELECTRIC” Аҳмад Ал-Сувейдиро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории судманди Тоҷикистон ва ширкати мисрии ЭЛСЕВЕДӢ ЭЛЕКТРИК баррасӣ гардид.Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоид ва имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ мавҷуд буда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тадбирҳои созандаро амалӣ месозад.Аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллакай доир ба сохтмони як корхонаи нави трансформаторҳо дар шаҳри Бохтар, як неругоҳи обии барқӣ ва корхонаҳои истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа, ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз ба мувофиқаҳои пешакӣ расидаанд.7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-аш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конференсияи 27-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 27) иштирок ва суханронӣ карданд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар як муддати нисбатан кутоҳ мо тавонистем дар Тоҷикистон чанде аз санадҳои стратегиро дар ин самт таҳия карда, ӯҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро намоем. Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли дуҳазору си (2030), ҳамзамон Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонаӣ аз ин шаҳодат медиҳад.Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии кишварҳо дар манотиқи гуногуни олам таъсири бевосита дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомҳои Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ин замина мо пешниҳод намудем, ки соли ду ҳазору биступанҷум (2025) “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ба самъи ҳозирин расонданд.Изҳори итминон карда шуд, ки қабули ин иқдомот ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ҷиҳати дар сатҳи глобалӣ андешидани чораҳои дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо такони тоза хоҳад бахшид.Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс аз 7 то 18 ноябр дар шаҳри Шарм-аш-Шейх бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, афзудани бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ташкил гардидааст.Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 ва Созишномаи Парижро соли 2017 тасдиқ кардааст.Тибқи муқаррароти қаблугардида, конференсияи тарафҳои конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор мегардад.

Қамаров А.З., устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ