БАЙНАЛХАЛҚӢСанаи 05 ноябри соли 2022 бо ибтикори садорати факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи мутолиоти шарқ бахшида ба 28 – умин солгарди қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид. Дар он декани факултет н.и.т., дотсент Ҷаъфаров С. Х., ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ Абдулаҳадзода С. А., мудирони кафедраҳои факултет ва устодону донишҷуён иштирок ва суханронӣ намуданд.Кори ҳамоишро дотсенти кафедраи мутолиоти шарқ Тупалов Ғ. Ш. ҳусни оғоз бахшида меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва дар бобати конститутсия маърӯза ироа кард. Сипас, декани факултет муҳтарам Ҷаъфаров С. Х. баромад намуда, дар масъалаи таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Баъдан ассистенти кафедраи ҳуқуқи коститутсионӣ Абдулаҳадзода С. А., ҷанбаҳои ҳуқуқии конститутсия ва тағйироту иловаҳои ба он воридшударо ба самъи ҳозирин расонид. Инчунин дар рафти ин нишаст мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дотсент Нуриддин Парвин, мудири кафедраи мутолиоти шарқ дотсент Раҳмонов М. А, ассистенти кафедраи мутолиоти шарқ Қамаров А.З ва донишҷуён Шодихоҷаев А., Шабанова Д. ва Ҷамолиддинзода М. маърӯза намуданд.
Домой Ахбор