Декан

Ҷаъфаров Сайҳомид Хайриддинович

Вазифа: Декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ

Унвон ва дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих (07.00.15), дотсент

Ҷои фаъолият: кафедраи дипломатияи ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумот барои алоқа:

E-mail: saihomid1989@mail.ru

Тел.: (+992) 918 49 00 04

Суроға: н. Фирдавсӣ, маҳ. Н.Қарабоев 72/3, ҳуҷраи №2

Маълумоти мухтасар:

25.06.1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1996 аз МТМУ №6 – и ноҳияи Ховалинг оғоз намуда, мактаби мазкурро соли 2007 хатм намудааст. Солҳои 2007 -2012 дар факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ; коромӯзи кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ (2012-2013), ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ (2013-2015), ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ (2015-2017), муаллими калони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017-2021), дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021 то ҳол).

Ҳамзамон солҳои 2013 – 2019 муовини декан оид ба таълими факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, 2019 – 2022 мушовири академии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ. Аз 22.04.2022 декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шудааст. Муаллифи зиёда аз 30 маводи интишорист. Дар мавзӯи «Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО» таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст.

Фанҳои тадрисӣ:

– таърих ва назарияи дипломатия;

– хадамоти дипломатӣ ва консулӣ;

– дипломатия фарҳангӣ;

– асосҳои дипломатияи ҳарбӣ.

Самтҳои илмӣ:

– махсусияти равандҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ;

– ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо;

– нақши ЮНЕСКО дар ҳифзи тамаддуни умумибашарӣ.

Таълифот:

Китобу монографияҳо

  1. Ҷаъфаров С.Х. Самтҳо ва пешомадҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг. – Душанбе: Нушбод, 2022. – 192 с.

Мақолаҳои илмӣ

  • Ҷаъфаров С.Х. Ҳакориҳои илмӣ – фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар даврони Шӯравӣ: маводи конференсия. Душанбе. ДМТ, 2022;
  • Ҷаъфаров С.Х. Сарнавиштзоси миллат (бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ) соли 2022;
  • Ҷаъфаров С.Х. Тоҷикистон – Руссия: шарикии стратегӣ (дар ҳоишияи сафари Президенти Федератсияи Россия В.В.Путин ба Тоҷикистон) соли 2022;
  • Ҷаъфаров С.Х., Истиқлолияти давлатӣ-кафили амали гардидани ҳадафҳои миллӣ соли 2022 (мақолаи илмӣ-оммавӣ);
  • Ҷаъфаров С.Х., Самтҳо ва авлавиятҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчубаи ЮНЕСКО;
  • Ҷаъфаров С.Х., Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷиистон бо ЮНЕСКО дар даврони Истиқлолият.

Диплом ва ифтихорномаҳо

  1. Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2022.
  2. Сертификат барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “От Волги до Ганга через Трансоксиану”, ки 20-21 октябри соли 2022 дар ДМТ баргузор гардид. – Душанбе, ДМТ, 2022.
  3. Сипоснома барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонию варзиш, мусоидат ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе. – Душанбе, 2022.