МУЛОҚОТИ САРДОРИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ШОҲЗОД РАҲИМЗОДА БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

376

Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май” имрӯз дар факултети Муносибатҳои байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, декани Факултет Ҷафъарзода ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Сарввал декани Факултет ташрифи меҳмононро ба факултет хуш омадед гуфта вобаста ба иштироки фаъоли донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятӣ ва берун аз он, дастовардҳои илмиву варзишӣ маълумот дод. Сипас Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода нақши ҷавонон дар масире Истиқлолият, дастоварду муваффақиятҳои онҳо суханронӣ намуда дар охир омузгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол бо Сипосномаи Раёсат қадрдонӣ шуданд.