Дар бораи як таҷрибаи омузгорӣ

780


Тули 3 соли охир дар факултаи муносибат муноситабҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷуёни курси 4 ва магистрантҳо аз фанҳои ихтисосӣ дарс мегуям. Фаъолияти омузгорӣ таҷрибаи хубе аст, чун ҳамеша даст дар набз буда, аз раванди омода шудани мутахассисони соҳа огаҳу ошно мешавед. Дар семестри зимистонию баҳорӣ (аз январ то марти соли 2022) ба донишҷӯёни курси 4-и ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (гуруҳи тоҷикӣ) аз фанни “Масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарс гуфтам. Бо мусоидати мудири кафедра Фаррух Салимов як барномаи вижаро бо фарогирии 14 мавзуъ омода намудем: тафаккури интиқодӣ ва омузиши масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷӣ; назарияи сиёсати хориҷӣ ва вижагии он; ташаккул ва таҳаввули сиёсати хориҷии Тоҷикистон; сиёсати ҷаҳонӣ дар шароити муосир: равандҳо ва хатару таҳдидҳои он; дипломатияи иқтисодӣ, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон; дипломатияи Тоҷикистон ва масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ; манфиат ва сиёсати Тоҷикистон дар самти кишварҳои Осиёи Марказӣ; сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти ИДМ; сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти кишварҳои осиёӣ ва ғарбӣ; таҳдидҳои нави байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон; ва дурнамои таҳаввули сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Ҳамаи ин мавзуҳо дар шакли рунамоӣ бидуни истифодаи лексияи қоғазӣ барои донишҷӯён пешкаш шуд (аз фурсат истифода карда, ба садорати кафедра ва факулта барои мусоидат изҳори сипос мекунам). Ба ҳайси мисол ҳамеша аз вазъи имрузаи ҷаҳону минтақа кейсҳоро меовардем, ки фаҳмиши мантиқи равобити байналмилалро осон мекунад.
Кори амалии таҳлилию пажуҳиши унсури шаку шубҳа (скептизм)-ро дар ҳама масъала зиёд мекунад. Ангезаи ҳамин навишта ҳам дар он аст, ки пешфарзи то дарс мавҷудбудаи инҷониб, ботил баромад. Донишҷӯён дар раванди дарс то ҳадде бошад, мустақилӣ ва қобилияти изҳору фикри назари худро ба намоиш гузоштанд. Албатта, буданд мавридҳое, ки сахт гуфтам ва аз донишҷӯён боз ҳам фаъол буданро талаб менамудам. Чанд вижагии ин гуруҳи донишҷуёнро зикр мекунам:
1) Дар дарс ҳаддал имкон кушиш мекарданд, фаъол бошанд. Баъзе аз онҳо кушиш мекарданд берун аз мавзуъ раванд, ки зуд аз ҷониби банда рад мешуд;
2) Қобилияти фикр кардан ва таҳия намудани сенарияҳои рушди эҳтимолии вазъи минтақа ва ҷаҳонро ба намоиш гузоштанд, ки дар сатҳи оддӣ ҳам бошад, раванди дилпуркунандаю мусбат аст;
3) Аз ҳама унсури мусбат дар чашми бачаҳо (ҳам писару духтар) хоҳиш ва таваҷҷуҳ ба соҳа дида мешуд, ки ниҳоят падидаи мусбат аст. Ба андешаи инҷониб агар 10% қобилияту маҳорати таҳлилӣ истеъдоди худододӣ бошад, 90% аз болои худ кор кардан ва мутолиаи китобу адабиёти соҳавӣ иборат аст.
Чанд донишҷӯро барои худ кашф намудам ва агар онҳо ба ин соҳа (самти равобити байналмилал) раванд, боварии комил дорам, ки муваффақ мешаванд ва мутахассиси хубе мегарданд. Инак, рузи 11 апрел имтиҳон доштем ва тибқи анъанаи пештара ба 10 нафар ба таври автоматӣ хол гузоштам, ки ё бо дониш ё бо кушиш арзанда буданд.
Ҳамчун лайфҳак ҳаминро зикр намудан мехоҳам, ки шаку шубҳа (скептизм) ва пешфарз на ҳамеша рост мебарояд. Худо кунад, ки аз ин ҳам бештар иштибоҳ кунем.
Аз фурсат истифода карда, ба ҳамаи донишҷуёни ин гуруҳ дар кору фаъолияти минбаъда барору пешрафтро таманно мекунам.
P.S. Расми хотиравӣ баъди анҷоми лексияҳо, ки дар арафаи Навруз буд.